Хабарҳо

 

 

 

 

Май 2024

 

 
Мубодилаи асъор

1 USA

с.

1 EURO

с.

1 RUBL

с.

 

Маълумот

Сомонаҳои мо:
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

E-mail:
azim_84@mail.ru
timur-ibodov@mail.ru

Телефон:
(992) 93-459-99-52
(992) 98-803-30-10

 

 

НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

Ноҳияи Тавилдара

Ноҳияи Тавилдара яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Ғарми ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Тавилдара аст ки 190 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Хингоб ҷойгир аст.

Ҷойгоҳ

Ноҳияи Тавилдара дар дараи рӯди Хингоб ва доманаи кӯҳистони Помир ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Тоҷикобод, дар шимолу шарқ — бо ноҳияи Ҷиргатол, дар шимолу ғарб — бо ноҳияи Рашт, дар ғарб — бо ноҳияи Нуробод аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ҷанубу ғарб — бо ноҳияи Ховалинг аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар ҷануб — бо ноҳияи Дарвоз, дар ҷанубу шарқ — бо ноҳияи Ванҷ ва дар шарқ — бо ноҳияи Мурғоб аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаммарз аст.

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Тавилдара Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Тавилдара — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ваҳдат ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Бахшбандӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Тавилдара 3 ҷамоат дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Тавилдара

Ҷамоатҳо

Аҳолӣ

Тавилдара

4 067

Сангвор

4 149

Чилдара

4 444

 

Ноҳияи Варзоб  ·   Ноҳияи Ваҳдат  ·   Ноҳияи Нуробод  ·   Ноҳияи Рашт  ·  
Ноҳияи Роғун  ·   Ноҳияи Рӯдакӣ  ·   Ноҳияи Тавилдара  ·   Ноҳияи Тоҷикобод  ·  
Ноҳияи Турсунзода  ·   Ноҳияи Файзобод  ·   Ноҳияи Ҳисор  ·   Ноҳияи Шаҳринав  ·   Ноҳияи Ҷиргатол